Кремл ҷузъиёти сафари қарибулвуқӯъи Си Ҷинпин ба Маскавро ошкор кард

Сухангӯи Кремл дар бораи ҷадвали сафари раҳбари Чин ҳангоми ворид шудан ба Русия муфассалтар сухан гуфт, ки ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар ҷараёни боздидаш ба Маскав рӯзи 20-уми март бо раисиҷумҳури Русия ҳангоми хӯроки нисфирӯзии ғайрирасмӣ гуфтугӯи як ба як анҷом медиҳад.
Дар ин бора ба рӯзноманигорон котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Ба гуфтаи вай, қисми расмии музокирот рӯзи 21 март дар назар аст.
"Мулоқот миёни раисиҷумҳури Русия ва раиси ҷумҳурии Чин нимаи дуввуми рӯзи 20 март оғоз мешавад. Ин муоширати як ба як хоҳад буд, ки зимни хӯроки нисфирӯзӣ доир мешавад. Ҳаминтавр, мустақиман, 21 март рӯзи музокирот хоҳад буд”, - гуфт ӯ.
Қаблан маълум шуд, ки Си Ҷинпин рӯзҳои 20-22 март аз Русия боздид мекунад.
Вай дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар бо Путин мулоқот ва табодули афкор дар мавриди тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи байналмилалӣ дошта бошад.
Тавофуқи Русия ва Чин дар бораи ҳимояи якҷояи манфиатҳои худ дар Осиё
Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо интизор доранд, ки як қатор санадҳои муҳим ба имзо расонанд.
Вазорати хориҷаи Чин дар шарҳи сафари раҳбари ин кишвар гуфтааст, сафари Си Ҷинпин ба Русия ба густариши равобити кишварҳо такони тоза бахшида, эътимоду ҳусни тафоҳумро боз ҳам тақвият хоҳад дод.