ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шуд.
Ҳамзамон бо иттилои манбаъ, Мирзозода Парвиз Таваккал ба вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд таъйин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури кишвар дар як қатор сохторҳои давлатии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Бо фармонҳои раисҷумҳури кишвар тағйирот кадрӣ Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва гентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки қаблан раиси Cуди Олии иқтисодии Тоҷикистон Рустам Мирзозода хабар дода буд, ки соли 2022 аз ҷониби Cуди Олии иқтисодии Тоҷикистон 3 568 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардидааст.
“Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ собит месозад, ки аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмӯъ 3568 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд”,- гуфт ӯ.