Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар Вазорати маориф, Агентии омор, Тоҷикстандарт ва Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи тағйироти кадрӣ дар бахши маорифро анҷом дод.
Дар ин бора давтари матбуотии президенти кишвар гузориш медиҳад.
Тибқи қарори ҳукумат муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз вазифааш озод шудааст.
Ӯ дар ин мақом бештар аз як сол фаъолият кард.
Ҳамин тариқ бо қарори дигари ҳукумат Хайрзода ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин шудааст.
То ин замон ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот буд, ки ҳамакнун сабукдӯш гардид.
Баъди 6 рӯзи бекорӣ Раҳмони "таърифӣ" вазифаи нав гирифт: Ногуфтаҳои тағйироти ахири кадрӣ
Сабаби барканории ӯ расидан ба синни нафақа гуфта мешавад. Мавсуф сар аз соли 2016 мансаби ректориро ба зима дошт.
Ҳамчунин тағйирот дар "Тоҷикстандарт" низ сурат гирифт.
Раисҷумҳур Шерзода Ситора Ҷалолро аз вазифаи муовини директори ин ниҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод кардааст.
Акнун курсии Шерзодаро дар ин мақом ба Рустамзода Малоҳат Рустам доданд.
Раҳмон ҳамзамон муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистонро таъин кард. Раҳбари давлат ин курсиро ба Каримзода Раъно Алиҷон бовар кард.
Бо амри президенти кишвар бошад, Назарзода Зарина Нарзиқул муовини директори Агентии омор таъин шуд. Мавсуф дар гузашта, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар буд.