ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки бо раҳбарони Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский ҳамеша дар тамос аст ва ният дорад ба музокироти миёни онҳо талош намояд.
"Барои анҷоми одилона ва осоиштаи муноқишаи Украина, мо талошҳои дипломатии худро идома медиҳем. Ман бо ҷаноби Путин ва ҷаноби Зеленский дар тамос ҳастам. Мо кушишҳои худро то охир идома хоҳем дод, то тарафҳоро ба мизи музокирот баргардонем”, - гуфт Эрдуғон зимни суханронӣ дар нишасти ғайринавбатии Созмонҳои кишварҳои туркзабон.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.