ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси оби СММ озими шаҳри Ню-Йорки ИМА хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии президент.
Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ хоҳад кунад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд.
Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Конфронс ҷаласаҳои минтақавию глобалии омодагӣ алоқаманд ба обро дар бар гирифта, аз маросими кушодашавию пӯшидашавӣ, 6 ҷаласаи пленарӣ, 5 муколамаи интерактивӣ, ҷаласаҳои канории сатҳи баланд, махсус ва дигар чорабиниҳои махсус, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдор доир мешаванд, иборат аст.
Дар доираи Конфронс, ҳамчунин баргузории чорабинҳои фарҳангӣ низ, дар назар дошта аст.
Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида, Департаменти СММ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо дастгирии ниҳоди СММ – Об функсияи котиботи Конфронсро амалӣ менамояд.
Конфронс бояд ҳамаи соҳаҳои дигарро барои беҳтар намудани идоракунӣ ва истифодаи захираҳои об сафарбар намояд.