Сирки давлатӣ барномаи ҳафтрӯзаи наврӯзӣ эълон кард

Бахшида ба Ҷашни байналмиллалии Наврӯз, Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҳафтрӯзаи наврӯзиро омода кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Сирки давлатии Тоҷикистон баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатии "Наврӯзи истиқлол"-ро эълон кард.
Дар ин бора агентии "Ховар" бо истинод ба Сирки давлатӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ аз 21 то 27 март дар назар аст.

"Дар барномаи ҷашнӣ Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор ширкат мекунанд. Барнома инчунин аз намоиши гимнастҳо, дорбозҳо, намоиш бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат хоҳад буд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуд, ки имсол дар барнома туҳфаҳо низ таъсис дода шудаанд. Ҳар иштирокчие, ки ба саволҳои ҳунармандон ҷавоб дода тавонад, соҳиби туҳфа мегардад.
Аз гулханафрӯзӣ то суманакпазӣ: Маълум шуд, Душанбе Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегирад
Қаблан, шаҳрдории Душанбе барномаи наврӯзии пойтахтро эълон кард. Зикр гардид, ки рӯзи 21 март соати 04:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар Боғи Ғалаба гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Зикр гардид, ки аз 21 то 30 март дар чор боғи фарҳангӣ - фароғатии Душанбе барномаи идона доир мегардад.