Мирзиёев метавонад барои давраи сеюм президент интихоб шавад

Ба лоиҳаи қонуни конститутсионии "Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон" банд дар бораи тамдиди ваколати президенти он аз панҷ то ҳафт сол ворид карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар тарҳи Қонуни асосии Узбекистон муҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол афзоиш ёфтааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон" рӯзи 15 март интишор ва дар рӯзномаи парлумонии "Народное слово" нашр шуд.
Дар сурати бомуваффақият баргузор шудани раъйпурсӣ, раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев метавонад бори севум ба мансаби президентӣ интихоб шавад.
Дар матни тарҳи таҳрири нави Қонуни асосӣ гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳури Узбекистонро шаҳрвандони кишвар “дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол” интихоб мекунанд.
Мирзиёев гуфт, Ӯзбекистон тарафи кист
То ҳол дар моддаи 90-уми конститутсияи амалкунанда пешбинӣ шудааст, ки президенти ҷумхурӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад.
Вакилони палатаи қонунгузорӣ (поёни) порлумони Узбекистон раъйпурсиро рӯзи 30 апрел таъин карданд ва 14 март Сенат ин қарорро тасдиқ кард.
Маълум аст, ки дар таҳрири нави Қонуни асосӣ боз 27 моддаи дигар дохил мешавад. ва шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 нафар мерасад. Дар баробари тағйироту иловаҳо сарқонун 65% нав карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Мирзиёев дар интихоботи пеш аз мӯҳлат дар моҳи декабри соли 2016 раҳбари Узбекистон шуд. Моҳи октябри соли 2021 бо 80,12% овозҳо ӯ боз дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд.