ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Коршиносони кишварҳои ИДМ лоиҳаи барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткориро ба мувофиқа расонданд.
Ҳуҷҷат барои солҳои 2024-2028 тааллуқ дорад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи иттиҳод.
"Дар ҷаласаи иловагии гурӯҳи коршиносон ширкаткунандагони ҷаласа бо дарназардошти ислоҳоти аз давлатҳо воридшуда, санадро ба итмом расонида, тартиби тасдиқи онро дар сатҳи коршиносон анҷом доданд", - омадааст дар хабари кумитаи иҷроия.
Дар ин нишаст намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд.
Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи барномаи байнидавлатӣ ба беҳбуди минбаъдаи ҳамкории давлатҳо ва мақомоти ИДМ дар мубориза бо ҷинояткорӣ нигаронида шудааст.
Ҷонибҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои байниидоравӣ, оперативӣ ва пешгирикунанда, таҷрибаи иштирок дар машқҳои муштарак, омӯзиш ва табодули иттилооти фаъол дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ба мувофиқа расиданд.
Лоиҳаи барномаи мувофиқашуда дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ баррасӣ мешавад.