ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барномаи даҳрӯзаи ҷашни Наврӯзро дар пойтахт эълон кард. Бар хабари манбаъ, рӯзи 21 март, соати 04:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар Боғи Ғалаба гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Зимнан, аз ин макон корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон ба ҳар гӯшаи шаҳр равон шуда, навиди фаро расидани Наврӯзр мерасонанд.
Манбаъ меафзояд, давоми даҳ рӯз дар чор боғи фарҳангӣ - фароғатии Душанбе барномаи идона доир мегардад.
"Дар ин рӯзҳо бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд", - омадааст дар хабарнома.
Зикр гардид, дар боғҳои Айнӣ, Фирдавсӣ, Куруши Кабир ва майдони Сино бо оростани базми наврӯзӣ оғози Соли нав таҷлил мегардад.
Илова бар ин, бегоҳи 21 март дар "Боғи истиқлол" барномаи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои мамлакат баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, имсол Наврӯз дар Тоҷикистон рӯзи 21 -уми март соати 02:30 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ фаро мерасад.