Дарёфти шаҳрвандии Русия метавон сода шавад: он ба киҳо таъсир мерасонад

Тартиби соддакардашудаи гирифтани шиносномаи Русия барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо омода мешавад, ки баъзе талаботҳоро кам мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Русия як ислоҳ ба қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ" пешниҳод шудааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони 4 кишвар барои дарёфти соддакардашудаи шаҳрвандии Русия барқарор карда шавад, менависад РИА Новости.
Ин имконро шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Украина, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд ва иҷозатномаи иқомат гирифтаанд, дастрас хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, дар намунаи лоиҳаи қонун, ки дар қироати аввал қабул шудааст, чунин ҳуқуқ тавассути фармони президент пешбинӣ шудааст.
Муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ Константин Затулин ин санадро шарҳ дод.
"Аммо чаро мунтазири фармон шуд? Агар қонуни феълӣ ба онҳо ин ҳуқуқро додааст, чаро қонуни нав ин ҳуқуқро мегирад? Дар ислоҳи пешниҳодшуда ин масъала аз байн меравад", - гуфт ӯ.
Дар соли 2022 наздик ба 700 ҳазор нафар шаҳрванди Русия шудааст
Вакил дар бораи дигар ислоҳҳои тайёршуда низ изҳори назар кард.
Сухан дар бораи шартҳои иқомат дар Федератсияи Русия меравад, то ба шаҳрвандии содакардашуда мувофиқат кунад. Ӯ пешниҳод дорад, ки мӯҳлатҳо аз 3 сол ба 1 сол кам карда шаванд.
Лоиҳаи қонун ҳамчунин коҳиши теъдоди талабот ба беш аз 20 категорияи шахсон ҳангоми қабули шаҳрвандии Русия ва тавсеаи салоҳиятҳои раисиҷумҳурро барои муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқ ба дарёфти содакардашударо доранд, пешбинӣ мекунад.