Ҳимояти Тоҷикистон аз тавофуқи Эрону Арабистони Саудӣ

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки Душанбе тавофуқи Эрон ва Арабистони Саудӣ ва беҳбуди равобит дипломатик ҳимоят мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Cухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ гуфт, ки кишвараш аз тасмими Теҳрон ва Риёзро барои азсаргирии равобити дипломатик ҳимоят мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Ин мақоми тоҷик, изҳор доштааст, ки вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз тавофуқи ду кишвар барои барқарории муносиботи дипломатик истиқбол карда ва ин иқдомро қадамии муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи ховари миёна арзёбӣ мекунад.
Қолибоф: Барқарории равобити Эрону Арабистони Саудӣ ба суботи минтақа муҳим аст
Қобили зикр аст, ки тавофуқи Эрон ва Арабистони Саудӣ барои барқарории равобити ду ҷониба ки бо миёнҷигарии Чин анҷом шуд, истиқбол бисёре аз мақомоти расмӣ ва шахсиятҳои сиёсию иҷтимои кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошт.
Аксари онҳо иброз умедворӣ карданд ки ин тавофуқи тағироти қобили таваҷҷуҳиро дар муодилоти минтақае эҷод хоҳад карду мунҷар ба коҳиши сатҳи танишҳо дар ҳавзаи халиҷ Форс хоҳад шуд.