ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Душанбе "Мактаби ҷаҳон" ва ё "Global school" боз шуд, ки усули таълиму тадрис дар он бо шароити муосир ба роҳ монда шудааст.
Онро, ки дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт сохта шудааст, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Муассисаи ғайридавлатӣ аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Глобал Лизинг" таъсис дода шуда, аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати беш аз 27 садяк замин ҷойгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бинои таълимии муосир дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази таълимии фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, 6 хуҷраи корӣ, толори фарҳангӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 110 нафар дар як баст, китобхона бо адабиёти гуногуну толори хониш, толори варзиш ва майдончаи варзишии тобистона мебошад.
Ҳамчунин дар назди мактаби нав Муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 60 нафар таъсис дода шуда, кӯдакистон низ дар он мавҷуд аст.
Дар умум мактаб дар якҷоягӣ бо кӯдакистон барои 560 нафар пешбинӣ гардида, дар он беш аз 70 нафар, аз ҷумла 23 мутахассис ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раванди таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ва ба тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагон ба муассисаи таълимӣ бо роҳи суҳбат қабул карда мешаванд