Дар Русия хостори лағви патент барои муҳоҷирони ронандаи мошинҳои боркаш шуданд

Тоҷирон аз ҳукумати Русия дархост кардаанд, ки патентҳоро барои ронандагони хориҷии мошинҳои боркаш лағв кунад то соҳаи ҳамлу нақл дар кишвар бештар рушд ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 март — Sputnik. Кумитаи нақлиёти "Деловая Россия" аз ҳукумати Русия дархост кардааст, ки муҷаввизи минтақавии ронандагони хориҷии мошинҳои вазнинро лағв кунад, менависад "Ведомости".
Ин бояд имконият диҳад, ки кадрҳои нав ба саноат ҷалб карда шаванд. Ҳоло шаҳодатномаи кор ба ҳайси ронандагӣ барои як шаҳрванди хориҷӣ танҳо дар як минтақа эътибор дорад - ҳамон минтақае, ки он ҷо гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин манбаъ, камбуди шадиди ронандагон боиси бекористии мошинҳои боркаш ва хисороти молии интиқолдиҳандагон мешавад.
Аз ин рӯ, ронандаи мошини боркаш бо патенти минтақавӣ метавонад байни шаҳрҳои дохили як минтақа ва ҳамзамон байни якчанд шаҳрҳо мол расонад.
Ба гуфтаи Эдуард Миронов, директори хариди ширкати FM Logistic Transportation Services дар Русия, мушкилро метавон ҳал кард. Инчунин Хадамоти федералии андоз низ чунин мешуморад.
Дар Тоҷикистон хаҷми боркашонӣ афзудааст
Барои ин шартномаи ҳамлу нақли (хизматрасонии экспедиторӣ) бояд аз ҷониби як ширкати минтақа дар маҳале, ки патент гирифта шудааст, баста шавад - барои интиқоли бор дар дигар минтақаҳо гирифтани он шарт нест.
Коршиносон бар ин назаранд, ки лағви патент барои шаҳрвандони хориҷӣ "як монеаи ҷиддии бюрократӣ"-ро аз байн бурда, ба ҷалби кадрҳои нав ба ин бахши иқтисод мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, ки ба ҳисоби миёна дар саросари кишвар ҳоло тақрибан 10%-и мошинҳо дар паркҳои ширкатҳои логистикӣ бинобар набудани ронандагон бекор меистанд.
То ин замон дар системаи давлатии иттилоотии "Работа России" 388 000 резюмеи ронандагон ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 35 000 дорои салоҳиятҳое, ки барои кор ронандаи мошинҳои боркаш заруранд.
Барои ронандагон 99,5 ҳазор вазифаи холӣ мавҷуд аст, ки 4 ҳазор нафараш ронандагони нақлиёти боркаш мебошанд.