Аз бинои нави маъмурии андоз то литсейи тиббӣ: Ифтитоҳи чанд иншооти ҷадид дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки раисҷумҳур бинои нави маъмурии андоз ва бинои Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллӣ ифтито шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои пойтахтро ифтитоҳ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, иншооти навбунёд аз 5 ошёна иборат аст. Бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳр бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, ҳамзамон саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан ободу зебо гардонида шудааст.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Раҳмон бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард
Иттилоъ дода шудааст, ки бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бунёд гардидаааст
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки роҳбарият ва омӯзгорони Литсей вазифадор шуданд, ки шароити мазкурро хубу ҳамаҷониба истифода бурда, барои соҳибилм намудани кӯдакону наврасон садоқатмандона кору фаъолият намоянд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ барои азнавсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси нақшаи генералии шаҳр сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хушҳолӣ аз иқдомҳои раиси пойтахт дар самти бунёди роҳу пӯл ва гузаргоҳҳои замонавӣ коргарону мутахассисонро барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вазифадор намуданд.
Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад.
Таълим бо забони хорӣҷӣ: дар Душанбе "Global school" боз шуд
Президенти кишвар таваҷҷуҳи коргарону мутахссисонро ба иҷрои босифати корҳо ҷалб намуда, супориш доданд, ки роҳ дар муҳлати 2,5 сол мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шавад.
Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.
Мақомоти шаҳри Душанбе ба раисҷумҳур маълумот дод, ки бунёди роҳҳои чанд кӯчаву хиёбон ва гузаргоҳҳои дусатҳа оғоз мегардад.
Дар навбати худ Рустами Эмомалӣ гуфт, ки талоши мақомоти пойтахт ба бунёди роҳу пӯл ва гузаргоҳҳои дусатҳаву сесатҳае равона карда шудааст ва ваъда додааст, ки хизматрасонии роҳу нақлиётро дар пойтахти мамлакат ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ мегардонад.