ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ахиран ҳайати 12 нафарӣ ба сарпарастии Нуриддини Азизӣ вазири саноат, иқтисод ва тиҷорати Афғонистон вориди марзи Дуғорун шуд ва мавриди истиқболи мақомоти устони Хуросони разавӣ қарор гирифт, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Нуриддини Азизӣ дар дидор бо мақомоти Эрон дар бораи хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кард.
Боздид аз минтақаи вижаи иқтисодӣ, гумрук, поёна ва бозорчаи марзии Дуғорун аз барномаҳои сафари вазири саноату тиҷорати Афғонистон аст.
Ҳайати афғонистонӣ ҳамчунин қарор аст, дар ҷаласае бо ҳузури масъулони сиёсӣ ва тиҷории Эрону Афғонистон дар бораи масоили дуҷониба баҳсу табодули назар кунанд.
Гузаргоҳи заминии Дуғорун Исломқалъа дар фосилаи 250 километрии аз Машҳади муқаддас ، ва 120 километрӣ аз шаҳри Ҳироти Афғонистон қарор дорад.