Тоҷикистон боз такон хурд: Заминҷунбӣ дар наздикии марзи Афғонистон

Горы с высоты в Таджикистане
Зилзилашиносон боз як заминҷунбии навбатии чаҳор балларо дар қаламрави Тоҷикистон сабт карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон.
Тибқи иттилои манбаъ, заминларзаи навбатӣ соати 14:32 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Қувваи заминларзаи мазкур ҳамагӣ 4 балл будааст. Сарчашмаи зилзила дар чуқурии 15 километр ҷойгир будааст.
Маҳалли зилзилаи навбатӣ дар 37,81 градуси арзи шимолӣ ва 73,29 градус тули шаркӣ мебошад.
Город Хорог, центр ГБАО
КҲФ заминҷунбӣ ВМКБ -ро шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол, аллакай соати 14:45 дар Афғонистон кишвари ҳамсоя низ заминларза ба амал омад.
Бояд гуфт, ки аз 1 март то имрӯз ин 20-умин заминларзаи сабтшуда дар қаламрави Тоҷикистон.