ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Эҳёи равобит бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамкориҳои минтақаӣ аст, гуфт раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Вай дар ин бора пас аз эъломи тавофуқ миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ барои азсаргирии равобити дуҷониба, дар сафҳаи худ дар яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ гуфтааст.
“Тарафи муқобил дар амал ҳусни нияти худро бо адами дахолат дар умури дохилии кишвар ва иттихози тасмимоти хайрхоҳона дар масоили минтақа ба хусус Лубнон, Яман ва ҳимоят аз Фаластин нишон диҳад”, - таъкид кард ӯ.
Ёдовари мекунем, ки дар музокироти Эрон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Пекин, ду кишвар ахиран ба тавофуқ расиданд, ки пас аз 7 сол, равобити дипломати худро аз сар бигиранд.
Бар асоси тавофуқи ду кишвар, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Арабистони Саудӣ зимн мулоқот бо якдигар, ҳаддиаксар зарфи ду моҳ, заминаҳои иҷрои табодули сафирон ва бозгушоии сафоратхонаҳо ва ҳамчунин соири илзомот барои аз саргирии равобитро фароҳам хоҳанд кард.
Арабистони Саудӣ 3 январи соли 2016 бино бар ҳамлаи бархе афрод ба сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад, равобити дипломати худро бо Эрон қатъ карда буд.