Вазорати мудофиаи Русия "мобилизатсияи" навбатиро шарҳ дод

Дар зери таъсири маълумоти бардурӯғ, теъдоди муроҷиатҳои русҳо, ки аз имкони азсаргирии хидмати низомӣ нигаронанд, афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия дар доираи басиҷи нисбӣ ягон чорабинии иловагӣ анҷом намедиҳад ва нақша ҳам надорад.
Дар ин бора дар брифинги Маркази назорати миллии дифои Федератсияи Русия зикр гардид, хабар медиҳад "РИА Новости".
Зикр гардид, ки дар давоми ҳафта ба марказ даҳҳо занг ворид шуд.
Вазорат зангҳоро ба он марбут медонанд, ки "режими Киев ва кураторҳои ғарбии он бо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ талош мекунанд, ба ҷомеаи Русия фишори равонӣ расонанд".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи басиҷи навбатӣ: ниёз нест
Дар зери таъсири маълумоти бардурӯғ, ки дар шабакаҳои телевизионии мухолифин нашр шуд, шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки аз имкони аз сар гирифтани даъват ба хизмати ҳарбӣ дар доираи басиҷи нисбӣ нигаронанд, афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Русия аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба иғвогарӣ дода нашаванд.
Қаблан президенти Русия гуфта буд, "имрӯзҳо давлат ва вазорати дифоъ ин кор ниёз надорад ва суҳбат дар ин бора маъно надорад".
Ба гуфтаи ӯ, аз 300 ҳазор сафарбаршуда, танҳо 150 ҳазори онҳо дар майдони ҷанг ҳастанд ва 150 ҳазори дигар аз омӯзиш мегузаранд.