Оверчук аз вазифаи раиси комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон истеъфо дод

Муовини сарвазир Марат Хуснуллин, ки чанде пеш дар ҳайати ҳукуматӣ ба Тоҷикистон сафар карда буд, ба вазифаи муҳим таъин шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, Алексей Оверчукро аз мақоми раиси бахши русии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Марат Хуснуллинро муовини нахуствазир таъйин кард.
Фармон дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
"Бо қарори Михаил Мишустин бахши русии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистонро сарварӣ мекунам. Ин шарики мост ва ҳамкориҳоро афзоиш хоҳем дод", - афзуд Хуснуллин дар Telegram-канали худ.
Муовини нахуствазир афзуд, ки ҳафтаи гузашта дар ҳайати ҳукумати Русия аз Душанбе дидан кард.
Хуснуллин гуфт, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳо ҳамкориҳо дар заминаи ҳамлу нақли роҳи оҳан ва автомобилӣ, рушди долонҳои нақлиётии Шимол-Ҷануб ва Ғарб-Шарқ баррасӣ шуданд.
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Мишустин ба Рустами Эмомалӣ: 1,6 млрд доллар сармояи Русия барои Тоҷикистон кам аст
Вай таъкид кард, ки ин тарҳҳо ба афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Оверчук аз моҳи январи соли 2020 дар ин мақом буд ва қабл аз ӯ Антон Силуанов шӯъбаи комиссияи байниҳукуматиро раҳбарӣ мекард.