ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Палатаи поёнии порлумони Узбекистон рӯзи 30 апрел ҳамапурсӣ доир ба Қонуни асосии навро таъин кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сенат.
Ҳамин тариқ 65% нав кардани қонуни асосии мамлакат пешбинӣ шудааст.
Тибқи тарҳи пешакӣ ба сарқонуни кунунӣ 27 моддаи нав дохил карда шавад, ки шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 адад мерасад.
Дар миёни онҳо банд дар бораи аз 5 то 7 сол тамдид кардани муҳлати ваколати раисиҷумҳур, манъи ҳукми эъдом, манъи истирдоди шаҳрванди кишвар ба давлати хориҷӣ низ ҳаст.
Ба феҳрасти тағйироти конститутсионӣ боз чӣ ворид шудааст, ҳанӯз рӯшан нест.
Марвид ба зикр аст, ки ба Сарқонуни амалкунандаи Узбекистонсоли 1992 қабул шуда, аз он вақт инҷониб ба қонуни асосии кишвар 15 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ислоҳот ба конститутсия дар тобистони соли 2022 боиси нооромиҳо дар Қарақалпоқистон шуд.
Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки пасон парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки мақоми соҳибихтиёрии онро дар Қонуни асосии ин кишвар ҳифз шавад.