ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сегонаи пешсафи содиркунандагони гандуми Қазоқистон дар соли 2022 Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон буд, менависад energyprom.kz.
Аксари содироти Қазоқистон ба кишварҳои ИДМ рост омада, нисбат ба як соли қабл 12,1% (4,7 млн. тонна) афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми асосӣ интиқол ба Узбекистон сурат гирифтааст: 3 миллион тонна ғалла ба маблағи 824,8 миллион доллар.
Дар хати дуюм Тоҷикистон қарор дорад, ки 986,7 ҳазор тонна гандум ба маблағи қариб 310 миллион доллар харидорӣ кардааст.
Туркманистон дар ҷои сеюм аст. Ин кишвар 336,5 ҳазор тоннаро ба маблағи 125 миллион доллар ворид кардааст.
1,7 миллион тоннаи ин маҳсулот ба кишварҳои хориҷи ИДМ фиристода шудааст, ки нисбат ба соли 2021 низ 3,5% зиёд аст.
Бештари содироти берун аз ИДМ ба Афғонистон ба маблағи 194,3 миллион доллар, 686,7 ҳазор тонна рост меояд. Ба сегонаи пешсаф Эрон ва Италия низ шомил буданд.
Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-декабр содироти гандум ва меслин (ред. - омехтаи гандум ва ҷавдор) аз Қазоқистон ба 6,3 миллион тонна ба маблағи 1,9 миллиард доллар расид. Афзоиши табиӣ 9,7%-ро ташкил додааст.
Нархи интиқоли содирот низ 1,1% дар моҳ ва солана 10% афзоиш ёфт. Дар баробари ин, агар нархҳо барои кишварҳои ИДМ дар динамикаи солона 2,8 фоиз боло рафта бошанд, пас барои кишварҳои дигар якбора 24,6 фоиз боло рафтааст.