Дар ВМКБ боз замин ҷунбид

Зилзиласанҷон мегӯянд, ин навбат низ ноҳияи Мурғоби ВМКБ ларзид. Маълумот дар мавриди хисороти офати табиӣ рӯи даст нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбии навбатӣ рух дод. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод.
Заминларза соати 15:15 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар умқи 153 километр рух дод.
Манбаъ қувваи ҷунбиши заминро 4 дараҷа ва макони онро наздикии ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ кард.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ хабар надодааст.
КҲФ заминҷунбӣ ВМКБ -ро шарҳ дод
Қаблан мутахассисони Ӯзбекистон аз сар задани заминларза дар соати 06:36 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ хабар доданд ва шиддати онро 4.8 дараҷа гуфтанд.
Пасон, Кумитиа ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сар задани заминҷунбиро тасдиқ намуда, қувваи онро дар марказ 4 ва дар ноҳияи Мурғоб 2 дараҷа арзёбӣ кард.
Ба таъкиди манбаъ, заминҷунбӣ дар 366 километрии ҷанубу шаорқи шаҳри Душанбе ва 90 километрии ғарби ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди Тоҷикистон рух дод.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷунбиши замин рух медиҳад.