ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо фаъолият мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳудуди вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки фарзандони оилаҳои туркмантабор метавонанд бо забони туркманӣ таҳсил намоянд.
Ахиран вазири корҳои хориҷии Туркменистон Рашид Мередов, ки имрӯзҳо ба ҷумҳурӣ бо сафари расмӣ омадааст ба вилояти Хатлон сафар кард ва бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба деҳаи Ғаллаободӣ Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, ки дар он оилаҳои туркмантабор зиндагӣ мекунанд, дидан кард.
Сокинони ноҳияи Дӯстӣ меҳмононро дар фазои хушнудӣ ва оини неки тоҷикона истиқболи самимӣ намуданд.
Сокинон минатдории худро ба вазири корҳои хориҷии Туркменистон Рашид Мередов барои ташриф оварданашон ба ноҳияи дӯстӣ ва вохӯрӣ бо сокинони турмантабори ин ноҳия расонданд.