Рӯз ва соати дақиқи фарорасии Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд

Санаи дақиқи фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд. Дар лаҳзаи фаро расидани Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон санаи 21 март, соати 02:30 дақиқаи ба вайқти маҳаллӣ Наврӯз фаро мерасад ва баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд.
Дар ин бора Агентии "Ховар" аз қавли Гулчеҳра Қоҳирова директори Институти астрофизикии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, тибқи ҷадвали астрономӣ, рӯзи 21 март, соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
"Соли нави астрономии 2023 ҳамчунин 21 март аз соати 02:30 сар мешавад. Барои мо, тоҷикон ин вақт ҳамчун айёми фаро расидани Наврӯз машҳур аст", - иброз доштааст Қоҳирова.
Маъмулан ҳар сол дар яке аз боғҳои пойтахт гулхани наврӯзӣ афрохта мешавад ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Илова бар, дар рӯзи фаро расидани Наврӯз аз чор дарвозаи Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.
Маълум шуд, ки Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад
Қаблан, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, Маликшо Неъматзода хабар дод, ки дар айёми таҷлили Наврӯз тоҷикистониён ҳашт рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Ӯ гуфт, тибқи қарори ҳукумат 18 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзи душанбе - 20 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад, тавзеҳ дода буд Неъматзода.