ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шаҳраки Дубово-Василевка таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор гирифт, гуфт Евгений Пригожин, муассиси гурӯҳи "Вагнер".
Ин минтақаи аҳолинишин дар шимолу ғарбии Артемовск вокеъ аст.
"Дубово-Василевка комилан дар ихтиёри гурӯҳи "Вагнер" қарор гирифт. Дар канори шаҳр ҷанг идома дорад. Тамоми ҳудуди шаҳрак дар зери мост", - таъкид кард ӯ.
Бояд гуфт, ҷангҳо дар Артемовск, ки дар қисмати ҶМД воқеъ аст ва таҳти назорати Киев қарор дорад, беш аз як ҳафта боз идома дорад.
Ин минтақа ҳамчун як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст.
Субҳи 9 март нерӯҳои Русия амалиёти ҳамларо дар минтақаи Артемовск идома доданд. Нерӯҳои гурӯҳи "Вагнер" ба самти шарқ пеш мерафтанд. Илова бар ин онҳо ба шоҳроҳи Т0504 дар ҷанубу ғарби Бахмут наздик шуданд.
Воҳидҳои ҷудогонаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош доранд, шаҳрро тарк кунанд, аммо даргириҳо шадид аст.
Дар шимоли самти Авдеевский, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар минтақаи деҳаи Красногоровка амалиёти ҳуҷум анҷом медиҳанд. Онҳо аз озод шудани деҳаи Веселое хабар медиҳанд.