Дар Гурҷистон эътирозгаронро бо гази ашковар пароканда карданд

Дар маркази Тифлис эътирозҳо зидди лоиҳаи қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" баргузор шуд, роҳпаймоӣ аз хиёбони марказӣ то бинои порлумон сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Гурҷистон нерӯҳои вижа барои пароканда кардани эътирозгарон алайҳи тасвиби қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода карданд.
Дар наздикии бинои порлумон, воқеъ дар хиёбони Шота Руставели, миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон задухӯрд оғоз шуд.
Иқдоми зидди лоиҳаҳои қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" дар назди бинои порлумон дар маркази Тифлис баъд аз зӯҳри 8 март оғоз шуда, ҳудуди 10 000 нафарро гирдиҳам овард.
Эътирозгарон аз мақомот талаб карданд, ки қонун дар бораи агентҳои хориҷиро лағв кунад ва ҳамаи онҳоеро, ки дар амалиёти гузашта боздошт шудаанд, раҳо кунанд.
Теҳрон: Нооромиҳоро дар кишвар ИМА ташкил кардааст
Тибқи баъзе гузоришҳо, дар тазоҳурот аз 30 то 50 000 нафар ширкат кардаанд. Эътирозгарон инчунин бо истифода аз қуттиҳои партов ва курсиҳо баррикадаҳо сохтанд.
Дар ҷараёни тазоҳурот тазоҳуркунандагон ба сӯи нерӯҳои вижа ба партоби ашёҳои гуногун шурӯъ карданд, онҳо низ мошини хадамоти вижаро чаппа ва оташ заданд.
Дар посух полис барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз мошинҳои обпош, гази ашковар ва норинҷакҳои садонок истифода кард.
Рӯзи сешанбе порлумони Гурҷистон тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷиро қабул кард. Дар баробари ин нишаст, ҳазорон нафар аз эътирозгарон алайҳи ин санад дар назди бинои порлумон ҷамъ омаданд. Вазъият дар гирдиҳамоӣ пас аз дастгирии ин тарҳ аз ҷониби вакилони порлумон авҷ гирифт.