ДУШАНБЕ, 8мар — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда хоҳад буд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 6 дараҷа гарм ва рӯзона то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 16 то 21 ва рӯзона то 5 дараҷа хунук пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 10 дараҷа гарм ва рӯзона то +22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона то 13 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кутоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 ва рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 11 дараҷа гарм ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона то 13 гарм, рӯзона то 27 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 10 гарм, рӯзона то 21 гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 ва рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 7 дараҷа гарм ва рӯзона то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона аз 10 то 12 ва рӯзона аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад.