ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар пойтахти Бангладеш, шаҳри Дакка таркиш ба амал омад.
Ҳодиса дар як бинои панҷошёна рух додааст, гузориш медиҳанд, расонаҳои маҳаллӣ.
Дар натиҷа дастикам 8 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷруҳ шуданд.
Ҳодиса соати 16:45 ба вақти маҳаллӣ (15:45 ба вақти Душанбе) дар бозори Сиддиқ дар қисмати таърихии шаҳр рух додааст.
Маълум аст, ки дар ошёнаи якуми бино чанд нуқтаи савдо ҷойгир будааст. Ба иттилои хадамоти оташнишонии пойтахт, пиёдагардҳоро пораҳои бино, ки бар асари таркиш ҳар тараф паридаанд, маҷруҳ кардааст.
Захмиён ба бемористони маҳаллӣ интиқол ёфтаанд. Бар асари таркиш, хонаҳои панҷошёна ва ҳафтошёна, ки дар наздикии он ҷойгиранд, низ осеб дида, деворҳои шишагии шӯъбаи бонк шикастаанд.
Панҷ бригадаи оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ наворҳои тахлияи маҷруҳонро аз ҷои ҳодиса нашр мекунанд, сӯхторнишонон онҳоро аз бинои харобшуда ба кӯча мебароранд.
Сабабҳои садама то ҳол аз ҷониби хадамоти изтирорӣ ошкор нашудааст.