ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ширкати истеҳсолкунандаи БелАЗ ҷузъиёти тарҳи муштарак бо Тоҷикистонро ошкор кард, гузориш медиҳад Trend бо такя ба ширкат.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва тавлидкунандаи белорусӣ рӯи масоили ҷорӣ ва дурнамои тарҳи муштарак кор мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир вазорати саноати Белорус, вазорати саноати Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндаи БелАЗ ва ширкатҳои тоҷикӣ сари ин тарҳ кор мекунанд.
Сухан дар бораи истеҳсоли самосвалҳои иқтидори борбардориашон 30 - 45 тонна дар Точикистон меравад.
Дар сурати тасвиб шудани лоиҳа, корхонаи васлкунии самосвалҳо дар наздикии Душанбе, ки дорои логистикаи хуби автомобилӣ ва роҳи оҳан мебошад, ба розҳ монда мешавад.
"Қисмҳои асосии самосвалҳо аз Белорус тавассути роҳи оҳан бо назардошти васлкунии минбаъда дар Тоҷикистон оварда мешаванд", - қайд кард истеҳсолкунанда.
Аз рӯи хусусиятҳои рельефӣ конҳо дар кишвар наонқадар калонанд ва дар кӯҳҳо ҷойгир шудаанд. Аз ин ҷост, ки парки таҷҳизоти куҳии БелАЗ бо самосвалҳои класси хурди борбардорӣ ифода ёфтааст.
Чунин самосвалҳо барои истихроҷи ангишт, тилло ва алюминий истифода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2023 намояндагони бузургтарин ширкатҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон аз Белорус дидан карда буданд.
Онхо бо озмоишҳои робото-техникии БелАЗ шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки заводи автомобилсозии Белорус соли 1948 таъсис ёфтааст. Ҳоло дар он зиёда аз 200 навъи самосвалҳо ва дигар таҷҳизоти махсус истеҳсол карда мешавад.