Сенатор Журавлев: Додугирифти Русия ва Тоҷикистон метавонад ду баробар афзоиш ёбад

Сенатори рус натоиҷи сафари ҳайати бузурги Русия ба Душанберо ҷамъбаст кард ва гуфт миёни ду кишвар имкони афзоиши минбаъдаи гардиши молӣ вуҷуд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои Федератсия Русия Николай Журавлев аз имкони афзоиши мизони рекордии додугирифт миёни Русия ва Тоҷикистон хабар дод.
Ба эътиқоди ӯ, дар ду соли оянда додугирифти кишварҳо метавонад беш аз ду баробар афзоиш ёбад.
Вай дар ин бора пас аз конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳори назар кард.
Русияро дар ин чорабинӣ намояндагони 14 минтақа, ки бо Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ доранд, муаррифӣ карданд. Дар фарҷоми ин конфронс беш аз 26 санад ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ғайр аз ин аз тарафи корхонаҳо боз якчанд шартномаи дигар имзо шуд.
Сенатор гуфт, ки чунин конфронсҳо, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон имкон медиҳад миёни корхонаҳо ва дастаҳои минтақавӣробитаҳои хуб барқарор шавад.
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Расулзода: Русия ва Тоҷикистон бояд ҳамкориҳои таърихиро барқарор намоянд
Ба гуфтаи Журавлев, ин такони нав имкон медихад, дар ду соли наздик додугирифтро хеле зиёд кард. Маскав ба содироти молҳои саноатӣ ва таҷҳизот манфиатдор аст.
"Мо ба таъмин намудани дастгоҳҳои худ ва маҳсулоти сузишворию энергетикӣ хеле манфиатдорем, — гуфт у.
Ҳамзамон Душанбе имкон пайдо мекунад маҳсулоти кишоварзиро ба бозори Русия барорад.
Ӯ қайд кард, ки созишномаҳои имзошуда дар ҳамкориҳои дуҷонибаи байни давлатҳо воқеан пешрафт мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи сафари сарвазири Русия Михаил Мишустин ба пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.