ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд занону бонувонеро, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, аёдат карда, онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки Аҳмадзода дар маркази маъмурии вилоят меҳмони кадом оилаҳо шуд.
Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла меҳмони хонадони шоирони шинохтаи Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона шудааст. Раиси Суғд шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаро бо Рӯзи Модар шодбош гуфтааст.
Инчунин ӯ ба шодбошии Сайрам Исоева, шаҳрванди фахрии Хуҷанд, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва роҳбари ансамбли фолклории "Бибиҳо" рафтааст. Ансамбли фолклорию этнографии "Бибиҳо" дар назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таҳти роҳбарии Сайрам Исоева фаъолият дорад.
Санавбар Зоидова, Файзинисо Ғафурова, собиқадорони соҳаи маориф низ дар хонаашон раиси Суғдро пазируфта, паёми табрикотияшро шунидаанд.
Аҳмадзода ҳамчунин ба табрики Сарвар Неъматҷонова, собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ва Хосият Зокирова шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд рафтааст.
Ӯ зимни табрикот аз ҷумла таъкид кардааст, ки пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон мебошад.
Подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст, афзудаст Аҳмадзода.
Дар посух бонувони саршиноси кишвар изҳор доштаанд, ки дар оянда низ баҳри тарбия, насиҳат ва раҳнамоии насли наврасу ҷавон тамоми васила ва қувваи хешро сафарбар хоҳанд намуд.