Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Расонаҳо: Миёни президенту фармондеҳи нерӯҳои Украина нофаҳмӣ сурат гирифтааст

Президенти Украина ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар бораи вазъ дар атрофи шаҳри Артёмовск назарҳои мухталиф доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазъият дар атрофи шаҳри Артёмовск боиси ихтилофи назар миёни раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ва фармондеҳи нирӯҳои ин кишвар Валерий Залужний шудааст.
Дар ин бора нашрияи олмонии "Bild" бо такя ба манобеаш хабар додааст. Таъкид шудааст, ки Зеленский ва Залужний ҳатто дар бораи вазъ дар Артёмовск баҳс кардаанд.

"Чанд ҳафта пеш, бо сабабҳои тактикӣ, Залужний тавсия дод, ки дар бораи ақибнишинӣ аз Бахмут фикр кунем",- гуфта мешавад дар мақола.

Дар ҳамин ҳол расман Киев ба нашрия гуфтааст, ки онҳо тасмими идомаи нигоҳдории шаҳрро "дуруст" медонанд.
Дар ҳамин ҳол, як таҳлилгари низомии украинӣ, ки аз ӯ номи бурда намешавад, дар мусоҳиба бо ин нашрия қайд кард, ки эҳтимолан нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавқеи Залужнийро шариканд, чун нигоҳдорӣ дар ҳоле, ки муҳосира сурат гирифта истодааст, ғайримантиқист.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Анкара аз мухолифати ИМА ва Бритониё ба мулоқоти Путину Зеленский гуфт
Қаблан сардори гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин аз иҳотаи шаҳри Артёмовск хабар дода, аз президенти Украина хост, барои ҳифзи ҷони нерӯҳояш барои ақибнишинии онҳо иҷозат диҳад.
Артёмовск дар қисмати таҳти назорати Киев дар шимоли Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст.