ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҳарорати ҳаво дар бархе аз навоҳии ҷануби Тоҷикистон то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе минтақаҳои куҳии ВМКБ боришоти сусти борон ва барф дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар навоҳии алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф сурат мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро низ асосан ҳавои бебориш бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+18 дараҷа гарм дар назар аст.
Душанберо низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш аст. Ҳарорати ҳаво шабона 6 +8 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад, иттилоъ додан ҳавошиносон.