Сӯхтори шадид дар Душанбе - видео

Сӯхтор дар ошёнаи якуми бинои баландошёна дар кӯчаи Хофизи Шерозии пойтахт сар зад ва алангаи оташ ду хонаи ошёнаҳои дуюму сеюмро низ фаро гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар "калян-бар" воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаи маъруф ба "МЖК" сӯхтор сар зад. Оташсӯзӣ соати тахминан 13:30 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд.
Як сокини ин маҳалла, ки шоҳиди бевоситаи сӯхтор гардид, ба @Sputnik Тоҷикистон хабар дод, сӯхтор дар "калян-бар", ки дар бари тарабхонаи "Набережная" воқеъ аст, сар зад.
Алангаи сӯхтор аз ошёнаи якум ду хонаи дигари дар ошёнаҳои дуюму сеюмро низ фаро гирифт.

"Сӯхторро аввал мошине, ки заминҳои канори роҳро об мезанад, ба хомӯш кардан шурӯъ кард. Сипас се мошини оташнишонӣ омада, дар муддати ним соат алангаи оташро хомӯш карданд", - гуфт ҳамсуҳбатимо.

Феълан ҳодисаи мазкурро ягон ниҳоди зирабти Тоҷикистон шарҳ надодааст ва ҳоло маълум нест, ин бар асари ин ҳодиса нафаре осеб дидааст ё на.