Дар Русия барои хидматгузории бесифат ба муҳоҷирон ҷазо медиҳанд

Кормандони хадамоти дахлдори кор бо муҳоҷирон таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, барои қонуншиканӣ муҷозот хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод намуд, ки барои хидматрасонии пастсифат ба муҳоҷирон нафароне, ки дар соҳа кор мекунанд, бояд ҷарима шаванд.
Лоиҳаи дахлдор дар портали федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Русия метавонад будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷиронро маҳдуд кунад
Корхонаи воҳиди федералии давлатии "Хизмати шиноснома ва раводид", ки тобеи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия мебошад, ба додани раводид, даъватнома, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, иҷозатнома барои кор, додани патентҳо, инчунин бақайдгирии шиносномаҳои байналмилалӣ, изи ангушт ва аксбардории муштариён машғул мешавад.
"Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои хидматӣ кормандон ва роҳбарон муҷозоти маъмурӣ дар шакли ҷарима хоҳанд шуд", - омадааст дар гузориш.
Муҷозот бояд аз 1 то 5 ҳазор рубл, дар сурати такрори қонуншиканӣ то 10 ҳазор рубл ва раҳбарон бо ҷаримаи то 30 ҳазор рубл муҷозот карда шаванд.
Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки қонуншиканҳо бояд ба муҳлати шаш моҳ аз кор маҳрум шаванд. Гуфта мешавад, ки тағйирот "механизми дурусти назорат"-и иҷрои вазифаҳои кормандонро фароҳам хоҳад кард.