Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Пригожин аз муҳосираи Артемовск гуфт

Роҳбари гуруҳи "Вагнер" аз роҳбарияти Украина хост, ба нерӯҳояш имконият диҳад, ки зинда аз Артемовск берун раванд чун аз ҳаёташон рӯзҳои башумор мондаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Вагнер" шаҳри Артемовскро тақрибан пурра муҳосира карданд, гуфт асосгузори ин сохтори низомӣ, Евгений Пригожин.
Ин нуктаро ӯ дар видеое, ки хадамоти матбуоташ дар канали "Telegram" нашр кардааст, таъкид намуд.
Вай таъкид намуд, ки шаҳр амалан дар муҳосираи комил қарор дошта, агар қаблан гуруҳаш алайҳи нерӯҳои касбии украинӣ меҷангид, феълан ба ҷабҳа солхӯрдаҳо ва наврасон вуруд шудаанд.
Вай ҳамчунин аз мақомоти Украина даъват кард, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина имкони тарки шаҳрро бидиҳад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Суқути шармандавори “қалъаи Баҳмут" наздик аст
"Ман ба президенти Украина Владимир Александрович Зеленский муроҷиат мекунам. Агар пештар артиши касбии Украина бо мо меҷангид, ҳозир пиронсолону кӯдаконро бештар мебинем. Онҳо меҷанганд, аммо умри онҳо дар Баҳмут кӯтоҳ аст. Як ё ду рӯз", - гуфт ӯ.
Вай аз раёсати Украина хост, ба нерӯҳои худ имконият диҳанд, ки зинда аз шаҳр берун оянд, чун шаҳр дар муҳосира қарор гирифтааст.
Дар наворе, ки нашр шудааст, ҳамчунин 3 асир - як марди солхӯрда ва ду ҷавон дида мешавад, ки онҳо низ аз Зеленский даъват кардаанд, то ба низомиён иҷоза диҳад, ки шаҳрро тарк кунанд ва ба назди хонаводаҳояшон баргарданд.
Артёмовск дар қисмати таҳти назорати Киев дар шимоли Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст.