Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Волвач: Помир барои онҳое, ки сайёҳии кӯҳиро дӯст медоранд, макони афсонавист

Тақвияти сифатии ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ барои сайёҳони ҳарду кишвар дурнамои хуб мекушояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Русия интизор дорад, ки табодули сайёҳон бо Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач, ки барои баргузории конфронси нӯҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар ба Душанбе омадааст.
Тавре сиёсатмадор дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон қайд кард, рушди соҳаи сайёҳӣ бояд яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои ду кишвар гардад.
Маълум шуд, ки дар соли 2022 чӣ қадар сайёҳ аз Русия ба Тоҷикистон омадааст
Ҳама хуб медонад — Помир, куҳҳои Фон, ин барои онҳое, ки аз замони ҳукумати Шӯравӣ ба сайёҳии куҳӣ машғул буданд ва ё дуст медоранд, афсона аст.
Умедворам, ки мо метавонем мубодилаи сайёҳиро дубора эҳё кунем ва ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳем, таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Волвач, "кашфиёти дуввум"-и Тоҷикистон барои сайёҳони рус дурнамои хуберо ваъда медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, сайёҳони тоҷик дар Русия ни агар оянд "ҳатман ҷойҳои диданиву гаштанӣ доранд".