Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

"Технологияҳои зеҳнӣ"-и Маскав зиндагиро дар Душанбе роҳаттар мекунанд

Ҷорӣ намудани ин технологияҳо ба рушди низоми нақлиёт, рақамикунонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ ва маориф мусоидат менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикистон “Шаҳри ҳушманд”, ки ба рақамисозии пойтахт машғул аст, бо Оҷонсии сармоягузории Авруосиё ва Корпоратсияи Синерҷӣ, ки дар шаҳрҳои Русия чунин тарҳҳоро амалӣ мекунанд, созишномаи сеҷониба баст.
Имзои ин санад дар ҷараёни конфронси нӯҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт.
Тавре Олег Шустенко, директори иҷроияи Оҷонси сармоягузории Авруосиё ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, мушкилоте, ки ширкатҳо рӯ ба рӯ мешаванд, татбиқи лоиҳаҳои Smart City дар системаи идоракунии шаҳри Душанбе аз тариқи призмаи омӯзиш аст.
"Ба ҷуз аз иқтидори сармоягузорие, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон ошкор мешавад, мо дарк мекунем, ки ин тарҳҳо барои сокинони шаҳр ва меҳмонони пойтахти як кишвари зебо муфид хоҳанд буд",-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Шустенко ҷорӣ намудани низоми мазкур нахуст ба рушди низоми нақлиёт, рақамикунонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ ва маориф мусоидат менамояд
Аз пахта ба IT ё чӣ тавр тиҷорати Русияву Тоҷикистон тағйир меёбад
Ёдовар мешавем, ки дурнамои кори ширкатҳои IT-и Русия дар заминаи рақамисозии пойтахти Тоҷикистон дар дидори сафир Семён Григорев бо муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода баррасӣ шуда буд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои Душанбе бо бародаршаҳрҳои он – Маскав ва Санкт-Петербург сухан гуфтанд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва байнишаҳрӣ ҷузъи муҳими шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон мебошад.