Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Русия омода аст, таҷрибаи худидоракунии тоҷикиро омӯзад

Кишварҳо таҷрибаҳои муфиди ҳамдигарро оид ба ободонии шаҳрҳо, беҳбудии бахши манзилу коммуналӣ ва дастгирии кишоварзиро аз ҳамдигар меомӯзанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Кумитаи рушди маҳаллии Тоҷикистон ва Анҷумани умумирусиягии рушди худидоракунии маҳаллӣ барои имзои созишномаи ҳамкорӣ дар ҷараёни конфронси нӯҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар омодагӣ мегиранд.
Тавре ҳамраиси ин созмони Русия Ирина Гусева дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ба ҳарду давлат кӯмак мекунад, ки таҷрибаи хуби ҳамдигарро дар ободонии шаҳрҳо, беҳбуди бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дастгирии кишоварзӣ омӯзанд.
"Мо на танҳо аз табодули таҷриба наметарсем, балки ба муколамаи омӯзишӣ бозем ва омодаем бубинем, ки шумо чӣ дастовардҳое доред, дар куҷо муваффақ шудаед, шащрдориҳо бо муносибатҳои байнибуҷҷавӣ ва аҳолӣ чӣ гуна кор мекунанд", - гуфт Гусева.
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Волвач: Помир барои онҳое, ки сайёҳии кӯҳиро дӯст медоранд, макони афсонавист
Қобили зикр аст, ки конфронс ба манзури тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳо дар чаҳорчӯби сафари нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Душанбе баргузор мешавад.
Мавсуф бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими ин иҷлоси густурда иштирок мекунад.