ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Русия ба интиқоли маъдани синк, мева ва либоса манфиатдор аст, гуфт вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников дар нишасти Шӯрои тиҷории Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, Русия омода аст ба Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ, чӯбу тахта, металлургӣ, саноати ва кимиёро содир кунад.
“Ҳар сол кори муштарак ҷолибтару ғанӣтар мегардад, он ба рушди ҳамкории мақомот, минтақаҳо ва соҳибкорон такони ҷиддӣ мебахшад”, - гуфт ӯ.
Ҳоло миёни кишварҳо барои кори муштарак дар бахши саноат ва савдо шавқу хаваси зиёд пайдо мешавад. Вай пешниҳод кард, ки вазифаҳои муҳими фароҳам сохтани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ шаванд.
Вазир қайд кард, ки дар соли 2022 гардиши мол 1,4 миллиард долларро ташкил дода, зиёда аз 300 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,6 миллиард доллар сармояи ҷамъшуда амалӣ мегардад.
Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика, саноат ва маориф бомуваффақият амалӣ мешаванд.
Илова бар ин, Максим Решетников фаъолияти бомуваффақияти Шӯрои соҳибкоронро, ки беш аз 130 соҳибкорро ба конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ ҷалб кардааст, қайд кард.
Вай ҳамчунин соҳибкорони тоҷикро ба форумҳои сармоягузории Русия, аз ҷумла “Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург-2023” даъват кард.