Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо сарвазири Русия аз мактаби русӣ боздид карданд

Раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо сарвазири Русия бо фаъолияти Мактаби русии ба номи Юрий Гагарини пойтахти кишвар шинос шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Русия Михаил Мишустин, ки ба Тоҷикистон ташриф овард, бо фаъолияти Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Русия-Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ барои фанҳои алоҳидаи ба номи Юрий Гагарин" дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Муассисаи таълимӣ дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, дар қаламрави Тоҷикистон 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонанда таълим мегирад. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад.
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Ширкати Михаил Мишустин дар форуми Тоҷикистону Русия дар Душанбе-видео
Мавриди тазаккур аст, ки омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор мактабро ташкил медиҳад, омӯхта мешавад.
Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Русия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.
Инчунин дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС" фаъолият доранд.
Ҳамзамон дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Русия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.