Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Ширкати Михаил Мишустин дар форуми Тоҷикистону Русия дар Душанбе-видео

Конфронси нӯҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе бо суханронии сарвазирони ду кишвар оғоз гардид
Sputnik
Сарвари ҳукумати Федератсияи Русия суханронии худро бо изҳори сипос ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯ Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуд.
Вай аз шароити нооромиҳое ёдовар шуд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ҳоло дар дар гирдоби он қарор дорад.
Чунин шароит, ба гуфти Мишустин, тиҷорати Русияро ба таҷдиди сохтори логистика водор мекунад ва барои ин ба шарикони масъул ниёз дорад.
Вилояти Олтайи Русия мехоҳад бо Тоҷикистон равобити иқтисодӣ барқарор намояд
Сарвазири Федератсияи Русия ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё фаъолтар ҳамкорӣ кунад, зеро созмони иқтисодӣ “суботи худро собит кардааст”.
Вай афзуд, Русия ҳадаф дорад бо Тоҷикистон корхонаҳои муштаракеро ба роҳ монад, ки қодир ба таъмини тавлиди мукаммалро доранд.