ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Барои амалӣ намудани имконоти сайёҳии ба Тоҷикистон сармоягузор лозим аст, вале аз кишвар метавонад баъзеи онҳо ҳамин ҳоло метавон истифода кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон директори иҷроияи Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Русия Майя Ломидзе дар конфронси нӯҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи вай, табиати афсонавӣ ва мероси нодири фарҳангиву таърихии кишвар мисли алмосест, ки буридан ва гузоштан надорад.
Ӯ мегӯяд, дар ин самт таблиғ низ хело кам аст, ки ин боигариву дастовардҳои таърихиву табииро муаррифӣ кунад.
Ба гуфтаи мавсуф, пеш аз ҳама барои рушди сайёҳӣ дар кишвар ҷалби сармоягузорон зарур аст.
Аммо имконоте, ки Тоҷикистон аллакай дорад, метавон "аз ҷиҳати тактикӣ, дар ин ҷо ва ҳоло" истифода кард.
Барои ин, ба бовари Ломидзе, ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ бояд дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни ӯзбек ва рус фикр кунанд ва дар бораи ташкили турҳои муштарак андешанд.
"Барои таҳияи барномаву лоиҳаҳои афсонавӣ ҳама имконот вуҷуд дорад",- таъкид кард ӯ.