ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Содироти хушмеваҳои тоҷикӣ ба кишварҳои хориҷ асосан аз вилояти Суғд сурат мегирад.
Бино ба гуфти масъулони Идораи омор, содироти чунин навъи мол тамоюли ру ба афзоиш будааст.
Умедахон Муродӣ, муовини сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки давоми соли гузашта 51,7 ҳазор тон хушкмева содир шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш ба андозаи 122,7% зиёд шудааст.
Ин масъули Идораи омор гуфт, ки ҳаҷми гардиши савдо аз ҳисоби содироти хушкмеваҳо 25,3 млн доллар ҳисоб шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 1,6 баробар афзудааст.
“Меваҳои хушк асосан ба кишварҳои Русия, Белорус, Туркия, Ироқ, Қазоқистон ва дигар кишварҳо содир шудааст. Дар ин давра аз ҷумла ба Русия наздики 6 000 тон хушкмева ба маблағи 13, 3 млн доллар содир шудааст” - гуфт, Муродӣ.
Бахши умдаи чунин хушкмеваҳо дар шаҳдистони Исфара ва ё бозори наздимарзии яклухтфурӯшии “Сурх” савдо шуда то ба фурушгоҳҳои бузурги Русия ва кишварҳои аврупо мерасанд.
Сешанбеи ҳар ҳафта дарҳои ин бозори наздимарзӣ боз шуда садҳо нафар онҳоеро, ки ба хариду фурӯш ва интиқоли хушкмеваҳо машғул бударо гирди ҳам меорад.
Зардолу, мағз, мавиз сабу ноку олуи қоқ аз зумраи меваҳои тоҷикие маҳсуб мешаванд, ки дар бозору фурӯшгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳ ба онҳо бештар будааст.
Мирзо Розиқов, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва аз шумори тоҷирони бозори “Сурх” и Исфара аст. Ӯ, мегуяд, барои интиқол додани бор ба хориҷа, ҳарҳафта ҳудуди 800 километрро тай карда ба ин бозори меваҳои хушк меояд.
“Борро аз ин ҷо харида ба кишварҳои Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳам. Хушкмеваҳое, ки дар ин бозори яклухтфурӯшӣ савдо мешаванд тавассути Русия то ба бозорҳои аврупо мерасанд” – зикр кард, ӯ.
Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, солҳои охир дар бозорҳои бузург таваҷҷӯҳ ба меваҳои тоҷикӣ бештар шудааст. Барои мисол ӯ, аз бодоми талх гуфт, ки савдояш дар бозорҳои ҷаҳонӣ хеле гарм будааст.
“Илми тиб собит кардааст, ки бодоми талх барои касалиҳои дил, раг, ҷигар, меда ва диабети қанд муфид аст ва ҳамчун маводи тиббӣ аҳамияти калон дорад. Аз ҳамин лиҳоз бисёриҳо дар Русия ва кишварҳои аврупоӣ ба ин намуд хушкмеваи тоҷикӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд” – гуфт, Розиқов.
Абдуҷамил Нозимов, яке дигар аз тоҷирони бозори Сурх аст, ки ба харидуфурӯши меваи хушк машғул аст. Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, боре, ки аз ин бозор мехарад то ба фурӯшгоҳҳои кишварҳои Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳад ва аз ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекунад.
“Аз аз ин бозор бор харида ба коршарикони қазоқиам равон мекунам. Ҳастанд тоҷироне, ки борро аз ин ҷо харида ба Русия ва аз он ҷо то ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медиҳанд” – гуфт, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Бар пояи иттилоъи мақомоти гумрук соли 2022 ҳаҷми гардиши мол дар қаламрави сарҳадии Суғд ба 3,2 млрд доллар баробар шудааст. Аз ин нишондод ҳиссаи содирот 1,1 млр доллар ва саҳми воридот 2,1 млр доллар гуфта мешавад.