Таътили баҳорӣ дар Тоҷикистон ихтисор мешавад

Ба далели сардиҳои шадид муҳассилин дар зимистони соли равон аз вақти муқарраршуда бештар истироҳат доштанд, ки аз ҳисоби таътили баҳорӣ қисман ҷуброн мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Таътили баҳории хонандаҳои макотиби Тоҷикистон 5 рӯз ихтисор мешавад, иттилоъ дод сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷумъамурод.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон зикр намуд, ки ба далели сардиҳои шадид муҳассилин дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар истироҳат доштанд.
Наврӯзи Ҷумъамурод тавзеҳ дод, ки 5 рӯз аз ҳисоби таътили баҳорӣ ҷуброн карда мешавад. Ҳамин тариқ муҳассилин аз 20 то 26 март таътил хоҳанд дошт. Аллакай 27 марти соли равон дарсҳо дар макотиби ҷумҳурӣ оғоз мегарданд, гуфт Наврӯз Ҷумъамурод.
Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон афзуд, ки 3 рӯзи дигар аз ҳисоби дарсҳои иловагӣ дар чаҳоряки чорум ҷуброн хоҳанд шуд.
Оғози марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон дар Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таътили зимистона барои хонандагони макотиб ва муассисаҳои томактабӣ то 20 январ тамдид шуда буд.
Бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд, таъкид намуда буд ин ниҳод.
Зикр гардид, ки соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.