ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсоя роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистонро ошкор ва аз байн бурдааст, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон.
Дар як замон дар чанд вилоят, дар вилоятҳои Сирдарё, Фарғона, Самарқанд, Андиҷон ва Тошканд миқдори зиёди маводи мухаддир ошкор шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилояти Сирдарё кормандони ҳифзи ҳуқуқ 42,8 кг ҳашиш ва 4,8 кг афюн кашф карданд. Гуфта шудааст, ки маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ворид шудааст.
Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, як сокини 37-солаи Марғилони Ӯзбекистон, ки қаблан барои фурӯши маводи мухаддир маҳкум шуда буд, ҳамроҳи шиноси 36-солааш аз вилояти Суғд ин маводҳои мухаддирро ворид кардааст.
Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо бо як фурӯшандаи маводи мухаддири маҳаллӣ вохӯрда, ба мувофиқа расиданд, ки маводи мухаддирро ба ноҳияи Хавасти вилояти Сирдарё интиқол диҳанд.
Арзиши маводи мухаддир 10 ҳазор долларро ташкил додааст. Қочоқчиёни маводи мухаддир ҳангоми интиқол дар сарҳади давлатӣ боздошт шуданд.
Ҳодисаи дигар дар вилояти Самарқанд рух дод. Як сокини ноҳияи Ургут аз хонааш 6,4 кг афюн дарёфт кардаанд, ки он ҳам аз Тоҷикистон ворид шудааст.
Нисбати ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот ҳоло идома дорад.