ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо қарори фармондеҳӣ метавонанд аз Артемовск ақибнишинӣ кунанд.
Ба иттилои РИА "Новости" ин нуктаро мушовири президенти Украина, Александр Родянский дар суҳбат бо CNN баён доштаст.
Ӯ далели ин иқдомро ба он рабт додааст, ки Украина намехоҳад нерӯҳои зиёдашро аз даст диҳанд.
"Русия кӯшиш мекунад, ки шаҳрро иҳота кунаду барои ин беҳтарин нерӯҳояшро равона кардааст. Низомиёни мо шаҳрро нигоҳ дошта истодаанд, аммо агар зарур ояд, метавонанд ақибнишинии стратегӣ кунанд", - гуфт ӯ.
Артёмовск дар қисмати таҳти назорати Киев дар шимоли Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст.
Аз 24 феврали соли гузашта инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина анҷом медиҳад.
Президенти Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Назди артиш вазифаҳои озод кардани Донбасс ва кафолати амнияти Русия гузошта шудааст.