ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва дастаи ПСЖ - Лионел Месси беҳтарин бозигари сол дар соли 2022 аз ҷониби FIFA эълон гардид, иттилоъ дод телевизиони "Варзиш".
Дар корномаи футболбозии Лионел Месси, ҷоизаи беҳтарин бозигари сол бори сеюм аст, ки даст оварда мешавад. Ӯ қаблан ин унвонро солҳои 2009 ва 2019 соҳиб шуда буд.
Қаҳрамони ҷаҳони дигар, дарвозабони "Астон Вилла" ва тими мунтахаби Аргентина - Эмилиано Мартинес беҳтарин дарвозабони сол дониста шуд.
Қаблан Мартинес дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар ғолиб омада, беҳтарин дарвозабони ин мусобиқа гардид. Дастаи ӯ дар финал бар тими миллии Фаронса пирӯз шуд ва Эмилиано яке аз зарбаҳои пеналтиро баргардонид.
Рақибони Мартинес, дарвозабони тими "Реал Мадрид" ва тими Белгия - Тибо Куртуа, ки ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва ҳамчунин дарвозабони Марокаш ва "Севиля" - Ёсин Буну, ки ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳ ёфт, буданд.
Ҷоизаи зеботарин голро дар мавсими 2022 бозигари лаҳистонӣ Мартсин Олекси соҳиб шудаанд.
Ҳаводорони мунтахаби Аргентина барандаи ҷоизаи беҳтарин мухлисони солро аз рӯи фарзияи FIFA соҳиб шуданд.
Ҳамчунин, FIFA ҳайати рамзии мунтахаби соли 2022-ро аз рӯи системаи 3-3-4 тартиб дод, ки дар он Куртуа, Ҳакими, Ван Дейк, Канселу, Де Брейне, Модрич, Каземиро, Месси, Ҳоланд, Бензема ва Мбаппе шомил шудаанд.