Тоҷикистону Қазоқистон муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қазоқистон масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Остона мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУХ кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон иттилоъ додас шудааст, ки ҷонибҳо як қатор масъалаҳоро оид ба омодагӣ ба мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудаанд, муҳокима намуданд.
Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи он дар тиҷорати хориҷии кишвари мо аз рӯи натиҷаҳои 11 моҳи соли сипаришуда 19,6 фоизро ташкил медиҳад.
Раҳмону Тоқаев тамоюли рушди шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карданд
Қаблан пезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ дошт.
Роҳбарони ду давлат аз муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо тамоюли рушди афзояндаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамкории зичи ҷонибҳоро дар арсаи амниятӣ ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Роҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳҳои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро, пеш аз ҳама тавассути ғанӣ гардонидани ҳамкории амалӣ бо мазмуну мӯҳтавои мушаххас, мавриди баррасӣ қарор доданд.