Таъсиси ҷоизаи нави раиси шаҳри Душанбе барои ҷавонон

Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, санъат, техника, технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ ҷоизаи нав таъсис додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт, иттилоъ додааст Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.
Ҷоизаи мазкур барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шудааст.
Манбаъ илова кардааст, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун тавассути Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, муҳлати он то 17 марти соли 2023 муқаррар гардидааст.
Ихтисоси беш аз 1 млн сомонӣ барои озмун дар васфи Душанбе
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии "Мураббии сол-2022" - 10 ҳазор сомонӣ, "Омӯзгори сол-2022"-10 ҳазор сомонӣ ва "Хонандаи сол-2022" - 6 ҳазор сомонӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Қарори раиси шаҳ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, омӯзгорон ва мураббиён буда, ғолибони ин озмунҳо дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.